КОДЕРА КИЁШИ БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯД

Ноябрь 5, 2010 14:26

Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).-  Дар назар аст, ки  сафари ноиби президенти Агентии Ҷопон оид ба  ҳамкориҳои байналмилалӣ Кодера Киёши   ба  Тоҷикистон   рӯзҳои 8-10  ноябри соли ҷорӣ  ҷараён мегирад.  Зимни сафар Кодера Киёши  бо роҳбарон ва дигар шахсони расмии  Ҳукумати ҷумҳурӣ  як қатор вохӯриҳоро  анҷом медиҳад.         Ёдовар мешавем, ки  Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ   дар назди Ҳукумати Ҷопон   фаъолият  намуда,  татбиқи кӯмакҳои расмии барои рушди  давлатҳои дӯст  равонашударо назорат менамояд. Агентии мазкур 1 октябри соли 2008 дар натиҷаи якҷояшавии Бонки ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ташкил шудааст.  Вазифаи асосии ин ташкилот ба давлатҳои рӯ ба рушд  фиристодани коршиносони ботаҷриба ва масъулиятноки Ҷопон, ки ба талаботи ин давлатҳо ҷавобгӯянд, мебошад.Агентии мазкур барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳо ин давлатҳоро бо технологияи муосир таъмин менамояд. Агентии Ҷопон,  ҳамчунин гурӯҳҳои махсуси мутахассисонро барои омӯзиш, тайёрӣ ва коркарди нақшаи инкишофи давлатҳои рӯ ба рушд равона месозад.Агентӣ барои давлатҳои сусттараққикарда лоиҳаҳои грантӣ барои сохтмони мактабҳо, беморхона ва дигар объектҳо пешниҳод менамояд.  

Ноябрь 5, 2010 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад