«КОХИ ИСТИҚЛОЛ» ДАР ҚАЙРОҚҚУМ
Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Бо иштироки Раиси вилоят Қоҳир Расулзода дар шаҳри Қайроққуми Вилояти Суғд тантанаи кушодашавии Маркази фарҳангии «Кохи Истиқлол» баргузор гардид. Зикр кардан бамаврид аст, ки иншооти мазкур солҳои дароз аз фаъолият бозмондаву моҳи апрели сол равон ҳангоми қабули шаҳрвандони шаҳри Қайроққум аз тарафи Раиси вилоят барои таъмири пурраи он маблағ ҷудо шуд. Бояд гуфт, ки чорабинии мазкур дар остонаи таҷлили Рӯзи Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гардида, аҳли санъати вилоят ва шаҳри Қайроққум барномаи тарона ва рақсро ба иштирокдорон пешкаш намуданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






