ЛОИҲА ЗИДДИ ФУРӮШИ ОДАМОН
Душанбе, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар назди кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази миллии таълими мубориза ба муқобили фурӯши одамон кушода шуд. Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) барои амалӣ шудани ин лоиҳа 650 ҳазор доллар ҷудо намудааст. Мақсад аз таъсиси ин лоиҳа, тайёр намудани кормандони ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла донишҷӯёни соҳа оид ба тафтиши босамари парвандаҳои ҷиноӣ зидди одамфурӯшӣ мебошад. Ҳангоми кушодашавии Марказ сафири ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Кен Гросс изҳор дошт, ки ИМА бо қатъияти том дар тамоми дунё муборизаро дар замони муосир зидди ғуломӣ идома хоҳад дод. Бояд тазаккур дод, ки соли 2009 Ҳукумати ИМА 168 барномаҳои байналмилалиро дар мубориза ба муқобили фурӯши одамон миёни 80 давлат ба маблағи умумии 84 млн. доллар дастгирӣ намудааст.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






