МАҶЛИСИ НАВБАТИИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ноябрь 30, 2010 11:07

Душанбе, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар»,Дилшодаи Ҷонмард). — Имрӯз  таҳти  раёсати  Сарвазири  мамлакат  Оқил Оқилов  маҷлиси  навбатии  Ҳукумати  Ҷумҳурӣ  баргузор  гардид. Дар  он    ҳисоботи  вазири  адлияи ҷумҳурӣ  Бахтиёр  Худоёров  дар  бораи  ҷараёни  иҷрои барномаи  таълим  ва тарбияи  ҳуқуқии   шаҳрвандони  ҷумҳурӣ барои  солҳои 2009 – 2019  баррасӣ  карда шуд. «Таълиму  тарбияи  ҳуқуқӣ  аз  ҷумлаи омилҳои  муҳими пешрафти  ҷомеаи  навини Тоҷикистон  аст», — гуфт  Оқил  Оқилов. Вай  дастур  дод, ки тавассути  воситаҳои  ахбори  оммавӣ,  аз  ҷумла  телевизион,  радио ва  матбуоти  даврӣ бо  ҷалби  мутахассисон  барои  ба  аҳолӣ  расонидани  мазмуну  мундариҷа  ва  мӯҳтавои  қонунҳо  ва  таҳияи барномаҳои  саволу  ҷавоб  роҷеъ ба ҳуқуқу  озодии  шаҳрвандон  тадбирҳои  мушаххас  андешида шавад.              Дар  маҷлиси Ҳукумат  раиси  ноҳияи  Ҷилликӯл  Маҳмадалӣ  Исмоилов  роҷеъ  ба  амалӣ  сохтани  Қонуни  конститутсионии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар  бораи  мақомоти  давлатии  ҳокимияти  давлатӣ» ҳисобот  дод.  Вай  зикр  намуд, ки  дар  ноҳияи  Ҷилликӯл мисли   ҳамаи  шаҳру  ноҳияҳои  мамлакат   тайёрӣ ба  ҷашни  20 – солагии  истиқлолияти  давлатӣ  вусъат  ёфта,  бунёди   бештар  аз  20  иншооти   хурду  бузурги  истеҳсолию  маъмурӣ  ба  нақша  гирифта  шудааст. Оқил Оқилов  ба раиси  ноҳияи  номбурда  дар  бобати  риояи  меъёрҳо  ва  сифати  сохтмон, ташкили  ҷойҳои нави  корӣ,   беҳтар  сохтани   роҳу  усулҳои  гирифтан ва баргардонидани   қарзҳои  бонкӣ ва  омилҳои   дигари   беҳтар  сохтани   шароити  зиндагии  табақаҳои  гуногуни  аҳолии  ноҳия  дастурҳо  дод.               Дар  маҷлис «Барномаи  корҳои  оморӣ  дар  соли  2011»  тасдиқ  карда шуд.              Аъзои  ҳукумат  Қарори  Шӯрои  ҳукуматҳои  мамлакатҳои  ИДМ  дар  бораи   нақшаи  ҳамкории  давлатҳои  аъзои  ИДМ  роҷеъ ба  тавсеаи  истифодаи   технологияи  таҳсилоти  фосилавӣ  дар  давраи  то  соли 2012,  Протоколи  ҳамкории   хадамоти  гумруки  давлатҳои   аъзои   Созмони  ҳамкории Шанхай  дар  соҳаи  тайёр  намудан ва такмили  ихтисоси  кормандони  роҳбарикунандаи  мақомоти  гумрук, инчунин  Барномаи  давлатии  пурзӯр  намудани имкониятҳои  содиротии   соҳаи  коркарди  меваю  сабзавотро  барои  солҳои  2010 – 2012  тасдиқ  намуданд. Дар  маҷлис  инчунин  барномаи   пешгирии  паҳн  гардидани ҳашароти   зараррасон ва  бемориҳои  боғу токзори  мамлакат  барои  солҳои  2011 – 2015, барномаи рушди  маъмурикунонии  андоз  барои  солҳои  2011-2015 тасдиқ  гардида,  дар  бораи таъсиси Корхонаи  воҳиди  давлатии «Маркази  дастгирии  амалиёти  молиявии байнибуҷетӣ»  ва  таъсиси  Корхонаи  воҳиди  давлатии  «Маркази  равзанаи  ягона»  қарорҳои  дахлдор  қабул  карда шуданд.             Бо  қарорҳои  Ҳукумати  ҷумҳурӣ  тартиб ва  ҳаҷми  расонидани кӯмаки  яквақтаи  моддӣ ба  аҳолии  дар  натиҷаи  фалокатҳои  табий зарардида  дар  ҷумҳурӣ  ва Қоидаҳои тартиби  таъминоти  нафақавии  касбӣ  ва таъини  нафақаҳои  касбӣ  тасдиқ  шуданд. Фармоишгар ва  пудратчии  генералии  сохтмони  Нерӯгоҳи  барқи  обии  хурди «Ширг – 2» ва Комиссияи  давлатии  интихоби  самти  нави   роҳи  мошингарди Ваҳдат – Ҷиргатол аз  километри  75 то 157  тасдиқ  карда шуданд.              Сарвазири  мамлакат  Оқил  Оқилов  дар  фарҷоми  маҷлис  ҷиҳати  дар  амал   татбиқ  намудани  супоришу  дастурҳои  сардори  давлат,  қарорҳои  ҳукумат,  тайёрӣ ба  шудгори  замин,  таъмини  хоҷагиҳо  бо  тухмии  хушсифат, ба  аҳолӣ  сари вақт  расонидани  маводи  сӯхт,  дар  фасли  сармо  таъмин  намудани  муассисаҳои  маорифу  тандурустӣ бо  ангишт,  ташкили  ҷойҳои нави  корӣ  ва  вусъати  корҳои   сохтмонӣ  дар  иншооти  ҷашнӣ  бахшида ба  20 – солагии  истиқлолияти  давлатӣи Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  роҳбарон   ва  кормандони  масъули  вазорату  идораҳои  дахлдор  дастурҳои  мушаххас  дод.             Дар  ин  бора  аз  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд.  

Ноябрь 30, 2010 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ, Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 август дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ, Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад
11 август дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад