МАРГИ ДУ НАФАР МУҲОҶИР ДАР ВОЛГОГРАД

Ноябрь 18, 2010 15:15

Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд, соати 08.30-и субҳи 16 ноябри соли 2010 дар натиҷаи афрӯхтани гулхан дар саҳрои хоҷагии Карповкаи ноҳияи Городишенскии вилояти Волгоград аз ҷониби чаҳор шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон таркиш ба амал омад. Бино ба хабари пешакии шӯъбаи тафтишотии байниноҳиявии Городишенскии кумитаи тафтишотии вилояти Волгоград таркиш бар асари минаи аз давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқимонда рух додааст. Дар натиҷаи ин ҳодиса ду нафар: Аҳмадҷонов Равшанҷон Тӯхтабоевич, ки 8 феврали 1978 дар шаҳри Б. Ғафурови вилояти Суғд таваллуд шудааст ва Аждаров Ҳусайн Холмуродович, ки 30 марти 1959 дар шаҳри  Турсунзода ба дунё омадааст, ҳалок шудаанд. Ҷасади онҳо 18 ноябри соли 2010 тавассути роҳи оҳан ба Тоҷикистон фиристонида шуд. Ҳамчунин, дар натиҷаи ин ҳодиса ду шаҳрванди дигари Тоҷикистон Ҳайдаров Абдусомӣ Ғаниевич, ки 22 апрели 1976 дар ш. Ғафурови вилояти Суғд таваллуд шудааст ва Қӯзиев Ғуломҷон Болтубоевич, ки 14 феврали 1981 дар ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд ба дунё омадааст, ҷароҳат бардоштанд. А. Ҳайдаров дар шифохонаи клиникии №1-и вилояти Волгоград бистарӣ буда, аҳволи ӯ  ҳоло вазнин аст. Ғ. Қӯзиев дар шӯъбаи бемориҳои чашми шифохонаи мазкур табобат мегирад. Намояндагони ҷамъияти тоҷикони Волгоград  онҳоро дастгирӣ намуда, ёрӣ мерасонанд. Кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия бо табибони ҷабрдидаҳо дар тамоси доимианд. Дар робита ба ин ҳодиса, аз рўи иттилои шӯъбаи тафтишотии байниноҳиявии Городишенскии кумитаи тафтишотии вилояти Волгоград корҳои санҷишӣ идома дорад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз департаменти иттилоотии ВКХ ҶТ хабар доданд.

Ноябрь 18, 2010 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад