МАРКАЗИ ТИҶОРАТИЮ МАЪЛУМОТДИҲӢ

Ноябрь 22, 2010 08:09

Душанбе, 22 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар Душанбе Маркази тиҷоратию маълумотдиҳии молҳои эронӣ ифтитоҳ гардид. Маркази мазкур бо ибтикори ширкати  намоишгоҳҳои «Сурӯши Хуросон» созмон дода шуда, ҳадафаш тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни Тоҷикистону Эрон аст.            Муҳаммад Умронӣ, мудири ширкати «Сурӯши Хуросон» мегӯяд,  бо ташкили маркази мазкур кори  тоҷирону соҳибкорони тоҷик, ки ба хариду фурӯши молҳои гуногуни саноатӣ машғуланд,  осон мегардад. Зеро тоҷирони тоҷик маблағи зиёдатӣ сарф карда,  ба Эрон намераванд. Онҳо дар Маркази мазкур молҳоеро, ки дар Тоҷикистон талаботи бештар доранд интихоб намуда, бо ширкату корхонае, ки он молро дар Эрон истеҳсол менамояд, қарордод мебанданд. Ширкати молистеҳсолкунанда моли интихобкардаи тоҷири тоҷикро дар мӯҳлати кӯтоҳ ба Душанбе мефиристад. Тамоми хароҷоти додугирифти молҳо дар қарордод зикр гардида, тавассути бонкҳо сурат мегирад.            Дар маркази тиҷоратӣ, ки дар ошёнаи аввали меҳмонхонаи «Тоҷикистон» ҷойгир шудааст, намунаи молҳои гуногуни саноатии ширкатҳои тавлидотии Эрон, ба мисли масолеҳи гуногуни сохтмонӣ, хӯрокворӣ, техникаи гуногун  ва дигар маҳсулоти ширкатҳои эронӣ гузошта шудааст, ки тоҷирони тоҷик дар интихоби онҳо имконияти бештар доранд.

Ноябрь 22, 2010 08:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад