МЕҲМОНОНИ ЭРОНӢ ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА
Турсунзода, 10 ноябр.(АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова ). — Тибқи иттилои муовини раиси шаҳри Турсунзода Муҳаббат Ҷалолӣ ҳафтаи равон гурӯҳи меҳмонони Ҷумҳурии Исломии Эрон ба шаҳри Турсунзода ташриф оварда, бо фаъолияти КВД «Ширкати алюминии тоҷик» аз наздик шинос шуданд. Ҳайати меҳмононро раиси шаҳр Давлатшо Гулмаҳмадов ҳамроҳӣ намуд. Сипас меҳмонон аз осорхонаи «Шарафи Меҳнатӣ» — и КВД – и «Ширкати алюминии тоҷик» дидан намуданд. Пас аз тамошои осорхона ҳайати меҳмонон ба саёҳати шаҳри Турсунзода баромаданд. Онҳо ба заминҳои хоҷагии ба номи Аскаралӣ Мирзоев омада, аз таҷрибаи баланди ниҳолпарварию деҳқонии Ҳоҷӣ Неъмат Усмонов дидан намуданд. Раиси комиссияи амнияти миллии Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон Ҳусейн Ҳошимиён ба токзори пурҳосили деҳқони асил Ҳоҷӣ Неъмат Усмонов баҳои баланд дода, онро зебою диданӣ арзёбӣ намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






