МУҲОКИМАИ РУШДИ СОҲИБКОРӢ ДАР ХАТЛОН
Қурғонтеппа, 17 ноябр. (АМИТ "Ховар", Мурод Сотиев) — Пагоҳ 18 ноябр раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзал бо соҳибкорон вомехӯрад. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири шӯъбаи иттилоотӣ-таҳлилии маъмурияти вилояти Хатлон Саидқул Шомалангов хабар дод, дар мулоқот иштироки 400 нафар соҳибкор дар назар аст. Тибқи суханони С. Шомалангов зимни мулоқот ба рушди соҳибкорӣ диққати махсус зоҳир мегардад. Ҳамчунин, соҳибкорон имконият доранд, масоилеро, ки таҳти назорати мақомоти давлатӣ қарор доранд ва ҳамкориҳои минбаъдаи соҳибкорон бо идораҳои марбутаи давлатиро баррасӣ намоянд. Дар мулоқот, ҳамчунин, масъалаи рушди соҳибкорӣ, хусусан ифтитоҳи сохтмони иншооти бахшида ба 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёдшаванда мавриди баррасӣ қарор мегирад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






