МУЛОҚОТИ Э.РАҲМОН БО АБДУЛҲОДӢ АРҒАНДИВОЛ

Ноябрь 24, 2010 11:56

Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулҳодӣ Арғандиволро, ки баҳри иштирок дар ҳамоиши сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанба ва ҳусни ҳамсоягии Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуд. Аз пайвастагии робитаҳо миёни сатҳу зинаҳои гуногуни ду кишвар, аз ҷумла дар сатҳи олии сиёсӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Таваҷҷўҳи зиёд ба тезондани татбиқи лоиҳаҳои бузургҳаҷми зербиноӣ доир ба бунёди хатҳои интиқоли нерўи барқ, роҳҳои оҳану мошингард, густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, рушди ҳамкории минтақавӣ ва боло бурдани қудрати транзитии Тоҷикистону Афғонистон зоҳир карда шуд. Мавзўи муҳими дигар тавсиаи ҳамгироӣ дар чаҳорчўби Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Конфронси Исломӣ, муносиботи сеҷонибаи Тоҷикистону Афғонистону Эрон ва дар чаҳорчўби Чоргонаи Душанбе, яъне Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Русия буд. Гуфтугўйи судманд ҳамчунин доир ба таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва пурзўр намудани мубориза бо терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.    

Ноябрь 24, 2010 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад