МУЛОҚОТИ Э.РАҲМОН БО М.ИМАНАЛИЕВ

Ноябрь 22, 2010 18:43

Душанбе, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Бегоҳии рўз, 22 ноябр  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай Муратбек Иманалиевро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили омодагӣ ба ҳамоиши сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки рўзи 25 ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, баррасӣ шуд. «Ҳамкорӣ дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай барои кишвари мо яке аз афзалиятҳои асосӣ ба шумор меравад», — изҳор намуд дар оғози сўҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва таъкид дошт, ки «Тоҷикистон ҷонибдори таҳкими имконоту қудрати ин созмон аст ва барои ин аз ҳама иқдому ташаббусҳои судманд пуштибонӣ хоҳад кард». Муратбек Иманалиев аз омодагии ҳамаҷонибаи Тоҷикистон ва таваҷҷўҳи хоси роҳбарияти кишвар ба ҳамоиши мазкур изҳори хушнудӣ намуда, ёдовар шуд, ки дар зарфи 4 соли охир бори дуюм аст мулоқоти сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамоиши мазкур барои таҳкими амнияту субот дар минтақа, рафъи мушкилот дар роҳи ҳамкории минтақавӣ ва татбиқи барномаю лоиҳаҳои гуногуни судбахш заминаи мусоид мегузорад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ноябрь 22, 2010 18:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард