МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО РОЗА ОТУНБОЕВА

Ноябрь 26, 2010 08:25

Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-  25 ноябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Роза Отунбоева мулоқот намуд. Дар вохўрӣ масоили ҳамкории судманди ду кишвари ҳамсоя баррасӣ шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз он, ки интихоботи парлумонии Қирғизистон дар фазои орому осудаи сиёсӣ баргузор гашт, изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт: — «Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори оромию субот дар Қиғизистони ҳамсоя буд ва мемонад». Роза Отунбоева ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ташкили хуб ва дар сатҳи хеле баланд барпо намудани ҳамоиши сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ва муҳайё кардани шароити мусоид барои баррасии масоили дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон изҳори сипос намуд. Ба сатҳ ва мазмуни ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон ва заминаи мусоиди қарордодӣ-ҳуқуқии он баҳои баланд дода,  сарони ду давлат таъкид бар он доштанд, ки сохторҳои дахлдори ҳарду ҷониб бояд барои истифодаи босамар аз имкону захираҳои фаровон ҷаҳду талош намоянд. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки Тоҷикистону Қирғизистон доир ба аксари масоили вобаста ба рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ мавқеи ба ҳам мувофиқ доранд. Дар мулоқот ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷўҳ гуфтугў сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Ноябрь 26, 2010 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад