МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ШОҲЗОДА ХОЛИД АЛ-САЪУД

Ноябрь 1, 2010 14:32

Душанбе, 1 ноябр. (АМИТ «Ховар»,).-Имрўз, 1 ноябр  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини вазири  корҳои хориҷии Мамлакати Арабистони Саудӣ Шоҳзода Холид ибни Сауд ибни Холид Оли Саудро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ва густариши ҳамкории судманд баррасӣ шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз «сатҳи олӣ, фазои эътимод, ҳусни ният ва созандагӣ» дар муносиботи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт: «Мо ба густариш ва таҳкими муносибатҳои дўстона бо Арабистони Саудӣ аҳамияти хоса медиҳем». Шоҳзода Холид ибни Сауд ибни Холид Оли Сауд ифтитоҳи сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ва сафорати кишвари худро дар шаҳри Душанбе нишона аз ибтидои марҳилаи рушди бештари муносиботи дуҷонибаи ду давлати дўст арзёбӣ намуда, изҳор дошт: «Арабистони Саудӣ омода аст, ки бо Тоҷикистон дар ҳама самту арсаҳо, ки худи ин кишвари дўст мехоҳад, ҳамкории судбахш дошта бошад». Зимни сўҳбат хотиррасон гардид, ки аз ҷониби Арабистони Саудӣ дар 10 соли охир барои татбиқи лоиҳаҳои гуногуни иҷтимоию зербиноӣ, аз ҷумла сохтмони мактабу бемористон ва роҳҳо дар ҳаҷми умумии 265 миллион доллари амрикоӣ кўмакҳои молиявӣ расонда шудаанд. Таваҷҷўҳи зиёд ба густариши ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ зоҳир карда шуд. ҳамкории сармоягузорӣ дар самтҳои сохтмони нерўгоҳҳои обии барқӣ, хатҳои интиқоли нерўи барқ, роҳҳои оҳану мошингард, истихроҷи нафту газ ва маъданҳои кўҳӣ, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ ва рушди кишоварзӣ барои ҳарду ҷониб судманд арзёбӣ гардид. Рушди ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва туризми кўҳӣ низ манфиатбахш номида шуд. Барои ин баргузор намудани ҷаласаи комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ ва ба имзо расондани созишномаҳои дуҷониба дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукаратаи даромаду сармоя, оид ба ҳамкориҳо дар бахши туризм ва қарздиҳӣ зарур шумурда шуд. Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масоили минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷўҳи ду ҷониб гуфтугў сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.    

Ноябрь 1, 2010 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд
Сокини ноҳияи Ҷайҳун: «Усули кишти зери плёнка дар баробари сифати маҳсулот ҳосилнокиро низ зиёд мекунад»