МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ВЕН ҶИБАО
Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шўрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Вен Ҷибаоро, ки ҳамчунин бо сафари расмӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанба ва босуръат рушдёбандаи Тоҷикистону Чин баррасӣ шуд. «Ҷумҳурии Мардумии Чин – ҳамсояи наздик, дўсти содиқ ва шарики боэътимоди мост», — изҳор дошт дар оғози сўҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва таъкид намуд: «таҳким ва густариши робитаҳои дўстона бо давлати Чин аз самтҳои афзалиятнок дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон буд, ҳаст ва хоҳад монд». Вен ҷибао дар навбати худ изҳор дошт: «Ҷумҳурии Мардумии Чин минбаъд низ тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба таҳкими истиқлоли давлатии кишвар ва рушди иқтисодиёти он равона гаштаанд, дастгирӣ менамояд». Аз мўҳтаво ва суръати рушди муносибатҳои дўстонаи ҳамсоягӣ, ки «ҳамоҳанг бо талаби замон ва дорои дурнамои умедбахш барои густариши минбаъда» арзёбӣ гардид, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Аз афзоиши бемайлони ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот миёни ду кишвар низ қаноатмандӣ зоҳир карда шуд. Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Чин барои сармоягузории лоиҳаҳои стратегӣ, ки барои Тоҷикистон аҳамияти ҳаётӣ доранд, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика ва роҳсозӣ арзи сипос карда, ҳамчунин изҳори боварӣ намуд, ки чунин ҳамкорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои нави зербиноӣ идома хоҳад ёфт. Гуфтугўйи судманд ҳамчунин доир ба муборизаи муштарак бо терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аз ҷумла дар чаҳорчўби Созмони Ҳамкории Шанхай сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






