МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ЮРИЙ ФЕДОТОВ

Ноябрь 30, 2010 10:48

Душанбе, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Директори иҷрокунандаи Раёсати Созмони Милали Муттаҳид доир ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Юрий Федотовро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ шуд. Аз фаъолияти Агентии назорати маводи нашаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо дастгирии молию техникии Созмони Милали Муттаҳид таъсис ёфтааст ва аз кори босамари дигар сохторҳои кишвари мо дар мубориза бо ин вабои аср изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ба гуфти Юрий Федотов, «Тоҷикистон дар воқеъ дорои  мутахассисони корозмудаи ин соҳа аст ва таҷрибаи ҳамкорие, ки он бо Созмони Милали Муттаҳид дар ин самт ба роҳ мондааст, барои ҳамаи кишварҳои минтақа ибратбахш мебошад».  Ҳарду ҷониб омодагӣ ва ҳавасмандии худро ба идомаи ҳамкории босамар дар мубориза бо истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аз ҷумла бевосита дар Афғонистон, ки яке аз манбаъҳои асосии ин маводи марговар дар ҷаҳон аст, таъкид намуданд.

Ноябрь 30, 2010 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад