МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ЮСУФ РИЗО ГЕЛОНИ

Ноябрь 24, 2010 16:40

Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Нимаи дуюми рўз мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо меҳмонони воломақом, ки барои иштирок дар ҳамоиши сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, идома ёфт. Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Юсуф Ризо Гелониро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар баррасӣ шуд. «Мо шодем, ки муносибатҳои Тоҷикистону Покистон имрўз дар авҷи густариши худ қарор доранд», — изҳор дошт дар оғози сўҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Юсуф Ризо Гелонӣ низ аз густариш бесобиқа пайдо намудани равобиту ҳамкории судманди Тоҷикистону Покистон изҳори хушнудӣ намуд. Чунонки таъкид гардид, ба фаъолият шурўъ намудани шоҳпули мошингарди Панҷи поён, кушода шудани хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Душанбею Исломобод ва пайдо шудани дигар имконоти нави ҳамкорӣ барои густариши робитаҳои мутақобилан судманд заминаи мусоид ба миён овардаанд. Аз тасмимоти нави ҷониби Покистон доир ба бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла як корхонаи бузурги сементбарорӣ ва омодагии устувори ин кишвар ба иштирок дар татбиқи бисёр лоиҳаҳои соҳаҳои энергетика, саноат ва нақлиёту коммуникатсия изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ҳавасмандии ҳарду ҷониб ба татбиқи лоиҳаи КАСА – 1000 оид ба кашидани хатти 500 киловолтаи интиқоли нерўи барқ аз Тоҷикистон ба Покистон аз тариқи қаламрави Афғонистон таъкид гардид. Бунёди корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои саноати сабук ва хўрокворӣ, истихроҷи маъданҳои кўҳӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, дорусозӣ ва робитаҳои илмию техникӣ дорои суди муштарак маънидод гардид. Таваҷҷўҳи зиёд ҳамчунин ба густариши ҳамкориҳои минтақавӣ, аз ҷумла дар чаҳорчўби Созмони ҳамкории Шанхай ва Чоргонаи Душанбе миёни Тоҷикистон, Покистон ва Афғонистону Русия зоҳир карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ноябрь 24, 2010 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад