МУЛОҚОТИ О.ОҚИЛОВ БО КИЁШИ КОДЕРА
Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров).-Имрӯз, 9 ноябр Cарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо ноиби президенти Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ Киёши Кодера мулоқот кард. Зимни мулоқоти пурмўҳтаво маҷмўи масоили ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистон ва Агентӣ , ки барномаҳояш тавассути Ҳукумати Ҷопон амалӣ мегардад, мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Оқил Оқилов аз Киёши Кодера даъват ба амал овард , ки доираи ҳамкориҳои дуҷониба боз ҳам фарохтар гардонида шуда ба бахши иқтисодиёт ,фарҳанг ва туризм низ тавваҷўҳи зарурӣ зоҳир карда шавад. Ноиби президенти Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ Киоши Кодера изҳор дошт , ки таклифу пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони Агентӣ албатта, мавриди омўзиш қарор гирифта, дар оянда доираи ҳамкориҳои дуҷониба бахшҳои боз ҳам бештарро фаро хоҳанд гирифт.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






