НАМОЯНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН БА КИШИНЁВ РАФТАНД
Душанбе, 24 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мушоҳида аз ҷараёни интихоботи пешазмӯҳлати парлумонии Молдова 24 ноябр ба Кишинев рафтанд. Ҳайати намояндагони ҷумҳурӣ, ки аз сармутахассиси Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ Ёқубҷон Мадумаров ва раиси Ассотсиатсияи миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон Абдуғанӣ Мамадазимов иборат аст, ҷараёни баргузории интихоботи парлумониро дар ин кишвар, ки 28 ноябри соли 2010 баргузор мешавад, мушоҳида мекунанд. Тибқи иттилои роҳбари Дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ Муҳибулло Додоҷонов, намояндагони Тоҷикистон дар ҳайати нозирони Созмони амнияту ҳамкории Аврупо интихоботи пешазмӯҳлати парлумониро дар Молдова назора менамоянд. Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Молдова иттилоъ медиҳад, ки дар интихоботи пешазмӯҳлати парлумонӣ 20 ҳизб ва 20 номзади мустақил иштирок менамояд. Дарозии варақаи интихоботии интихоботи парлумонии пешазмӯҳлат дар Молдова қариб як метрро ташкил медиҳад. Бояд зикр кард, ки парлумони даъвати қаблии Молдова бо он сабаб барҳам дода шуд, ки аз ӯҳдаи интихоби Президенти нав баромада натавонист.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






