НАМОЯНДАИ СММ БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯД

Ноябрь 24, 2010 15:51

Душанбе, 24 ноябр.  (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Ба Тоҷикистон директори  иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Юрий Федотов меояд. Тавре аз маркази матбуоти Агентӣ оид ба назорати маводи мухаддири  назди Президенти  ҶТ хабар доданд, сафари Ю. Федотов аз 29 ноябр оғоз ёфта, 1 декабр анҷом меёбад. «Мақсади сафари Ю. Федотов муҳокимаи ҳамкориҳои минбаъда бо Ҳукумати ҶТ дар кори мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад»,- зикр намуд манбаъ. Зимни сафари хеш директори  иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ бо  вазирону дигар шахсони баландмартабаи ҷумҳурӣ якчанд  вохӯрӣ  гузаронида, ҳамчунин аз марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон дидан менамояд ва дар         қаламрави   давлати Афғонистон  бо роҳбарони идораҳои ҳифзи ҳуқуқ вомехӯрад.  

Ноябрь 24, 2010 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад