НИШАСТИ ДУШАНБЕ ВА НАҚШИ ОН ДАР СУБОТИ МИНТАҚА
Душанбе, 23 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). –Масъалаи тақвияти муносиботи гуногунҷабҳаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Ҳамкории Шанхай /СҲШ/ 23 ноябр дар мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Дабири кулли СҲШ Муратбек Иманалиев баррасӣ гардид. Шукурҷон Зуҳуров дар радифи баррасии масоили мавриди назари тарафайн, ба масъалаи омодагӣ ба баргузории нишасти сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои СҲШ, ки 25 ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуд. Мавсуф баргузор шудани ҳамоиши сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои СҲШ –ро дар Душанбе аз тавсеаи ҳамкориҳои гуногунсоҳаи кишварҳои аъзо арзёбӣ кард. Шукурҷон Зуҳуров ибрози умед намуд, ки ин нишаст барои рафъи мушкилоти мавҷуда миёни баъзе аз давлатҳои СҲШ мусоидат намуда, дӯстиву рафоқат ва ҳамдигарфаҳмии комилро густариш хоҳад дод. Дабири кулли СҲШ Муратбек Иманалиев нақши Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар тақвияти нуфузи ин созмон дар арсаи ҷаҳонӣ назаррас арзёбӣ карда гуфт, ки Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ин созмон дар ҳалли мушкилоти СҲШ нақши арзанда дорад. Мусоҳибон изҳори умедворӣ карданд, ки баргузории нишасти сарони ҳукуматҳои СҲШ дар Душанбе ҷиҳати таҳкими амнияту субот дар минтақа ва муносиботи гуногунсоҳаи кишварҳои созмон мусоидат хоҳад кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






