ПАРАФШОН ПАРЧАМИ МО
Душанбе, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли равон дар майдони 800-солагии Масква барномаи консертӣ доир карда мешавад. Дар барномаи консертӣ устодону ҳунармандони ҷавони санъати тоҷик, оркестри созҳои нафасӣ, хори театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ва дастаҳои рақсӣ беҳтарин барномахои ҳунарии худро пешкаши сокинони пойтахт менамоянд. Аз ҷумла, «Дефелле» — намоиши махсуси оркестри созҳои нафасии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Далер Шарипов, «Суруди миллӣ»-хори театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, «Руҷӯъ»-композитсияи адабӣ-мусиқӣ, «Парчами Ватан»-шеъри Хайрандеш дар иҷрои ансамбли «Сомон», «Доирабазм»-ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола», «Парчами фирӯзӣ»-шеъри К. Насрулло дар иҷрои Афзалшо Шодиев, «Парафшон Парчами мо»-оҳанги С. Билолов, шеъри Н. Қосим дар иҷрои ансамбли «Дарё», «Тоҷикистон»-оҳанги С. Билолов, шеъри Н. Қосим дар иҷрои Нигина Амонқулова, «Ливои сулҳ»-оҳанги А. Мӯсоев, шеъри С. Аюбӣ дар иҷрои Миралӣ Достиев ва хори театри давлатии академии опера ва балет, «Дирафши миллат»-оҳанги классикӣ, ансамбли рақсии «Гулрез» ва ғайра ин ҷашнро шукӯҳу зинати хоса хоҳанд бахшид.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






