ПАРАФШОН ПАРЧАМИ МО

Ноябрь 22, 2010 12:56

Душанбе, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  24 ноябри соли равон дар майдони 800-солагии Масква барномаи консертӣ доир карда мешавад. Дар барномаи консертӣ устодону ҳунармандони ҷавони санъати тоҷик, оркестри созҳои нафасӣ, хори театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ва дастаҳои рақсӣ беҳтарин барномахои ҳунарии худро пешкаши сокинони пойтахт менамоянд. Аз ҷумла, «Дефелле» — намоиши махсуси оркестри созҳои нафасии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Далер Шарипов, «Суруди миллӣ»-хори театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, «Руҷӯъ»-композитсияи адабӣ-мусиқӣ, «Парчами Ватан»-шеъри Хайрандеш дар иҷрои ансамбли «Сомон», «Доирабазм»-ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола», «Парчами фирӯзӣ»-шеъри К. Насрулло дар иҷрои Афзалшо Шодиев, «Парафшон Парчами мо»-оҳанги С. Билолов, шеъри Н. Қосим дар иҷрои ансамбли «Дарё», «Тоҷикистон»-оҳанги С. Билолов, шеъри Н. Қосим дар иҷрои Нигина Амонқулова, «Ливои сулҳ»-оҳанги А. Мӯсоев, шеъри С. Аюбӣ дар иҷрои Миралӣ Достиев ва хори театри давлатии академии опера ва балет, «Дирафши миллат»-оҳанги классикӣ, ансамбли рақсии «Гулрез» ва ғайра ин ҷашнро шукӯҳу зинати хоса хоҳанд бахшид.

Ноябрь 22, 2010 12:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад