ПАРАФШОНИИ ПАРЧАМИ МИЛЛӢ ДАР РОҒУН
Душанбе, 24 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 24 ноябр ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Роғун чун дигар шаҳру навоҳии кишвар ҷамъомади идонаи тантанавӣ баргузор шуд. Дар ҷамъомад роҳбарони мақомоту сохторҳо, сохтмончиён ва фаъолони шаҳр иштирок доштанд. Муовини Раиси шаҳри Роғун Муҳайё Юнусова иштирокдоронро аз номи Раиси шаҳр Исматулло Зайдов табрику таҳният гуфта, ба онҳо саодатмандию сарбаландӣ таманно кард. Зикр шуд, ки агар Суруди миллӣ ифодагари ормонҳои миллӣ бошад, парафшонии Парчами давлатӣ сарбаландӣ ва ифтихори тоҷикон аз таърихи гузашта, имрӯзу фардои ин сарзамин ва неъматҳои худододи он аст. Ҷамъомади идонаи тантанавиро ҳунармандони идораи фарҳанги шаҳр бо барномаи дилошӯби консертӣ шукӯҳи тоза бахшиданд. Соли дуюм аст, ки дар кишварамон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои субот ва ифтихору сарбаландӣ таҷлил мегардад.Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рангҳои сурх, сафед ва сабз асос ёфтааст, таҷассумгари роҳи таърихии миллати тоҷик, хусусан рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, бахту саодат, умеду орзу ва нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият аст. Тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар, ки дар байни парчам ҷойгир шудааст, шаҳодатест аз таърихи давлатдории тоҷикон.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






