ПАРЧАМ –НИШОНАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ
Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Хуршеда Абдуназарова).-Имрӯз дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҷамъомади идона баргузор гардид.Дар он намояндагони ҳамаи ташкилоту корхонаҳо ва дигар муассисаҳо иштирок намуданд. Бояд гуфт, ки дар дасти ҳамаи иштирокчиёни ҷамъомад парчамҳои давлатӣ буд.Дар майдон ҳатто парчами дарозиаш 27 метра низ парафшонӣ менамуд. Дар ҷамъомади мазкур роҳбарони ноҳия ва дигар шахсони масъул иштирок ва баромад намуда, мардуми ҷамъомада ва дар симои онҳо тамоми сокинони ноҳия ва мардуми ҷумҳуриро бо ин рӯзи фирӯз-ҷашни Парчами давлатӣ табрик намуданд.Зикр гардид, ки гиромӣ доштани Парчами давлатӣ ин арҷу эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва соҳибистиқлолии ҷумҳурии азизамон мебошад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






