РӮШОН СОҲИБИ МАКТАБИ САНЪАТ ГАШТ
Хоруғ, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ мактаби санъат таъсис ёфт. Тавре муовини сардори Раёсати фарҳанги вилоят Бозича Гулшаев иттилоъ дод, ин шашумин мактаби санъат дар ВМКБ аст. То ин муддат чунин мактабҳои омӯзиши ҳунару санъат дар шаҳри Хоруғ ва 4 ноҳияи дигари вилоят фаъолият доштанд. Дар мактаби номбурда шогирдон дар бахшҳои рассомӣ, кандакорӣ, санъати амалӣ, кулолгарӣ, хореография таҳсил намуда, бо кӯмаку дастгирии муаллимон ин ҳунарҳоро азхуд менамоянд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






