РӮЗҲОИ ГАРМУ ШАБҲОИ ХУНУК

Ноябрь 24, 2010 14:32

Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). –  Аз  24 то 28 ноябр  дар  Тоҷикистон ҳавои гарму  камабр боқӣ  монда, боридани борон дар назар дошта нашудааст.  Ҳарчанд рӯзона ҳарорати ҳаво якчанд дараҷа паст фарояд ҳам, вале вазъ дар умум гарм боқӣ мемонад.  Дар мавриди ҳарорати шабона  ҳаминро бояд гуфт, ки шабҳо то 2 дараҷа хунук мешавад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори маркази ҳавосанҷии Муассисаи  давлатии ҳавошиносии ҷумҳурӣ Ҷамила Байдуллоева хабар дод. Имрӯз, 24 ноябр ҳарорати ҳаво дар вилояти Суғд то 10 дараҷа гарм, дар вилояти Хатлон то 20 дараҷа гарм, дар  навоҳии тобеи марказ 19, дар ғарби ВМКБ то 12 дараҷа гарм, дар  шарқи  ин вилоят то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар Душанбе ҳавои бебориш дар назар дошта шуда, ҳарорат  то 19 дараҷа гарм мешавад.  

Ноябрь 24, 2010 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад