РАИСИ ШАҲР ҲАМТОИ ОЛМОНИАШРО БА ДУШАНБЕ ТАКЛИФ КАРД

Ноябрь 13, 2010 11:05

Душанбе, 13 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати ҳунармандони шаҳри Ройтлингенро, ки бо Душанбе бародаршаҳр аст,  ба ҳузур пазируфт.      Ҳайати мазкур дар доираи баргузории «Ҳафтаи Олмон дар Тоҷикистон» ба Душанбе омадаанд.     Зимни мулоқот Раиси шаҳр доир ба сатҳи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду бародаршаҳр Душанбе ва Ройтлинген ибрози назар карда, афзуд ки дар доираи баргузории «Ҳафтаи Олмон» душанбегиҳо бо санъати касбӣ ва олии ҳунармандони олмонӣ ошно гардиданд.         Маҳмадсаид Убайдуллоев паёми худро ба Обербургомистери бародаршаҳр Барбара Бош расонид. Мавсуф  даъват ба амал овард, ки ҷиҳати иштирок дар форуми бародаршаҳрҳои Душанбе, ки ба ифтихори 90-солагии пойтахт дар соли 2014 баргузор мешавад, ба Душанбе ташриф орад.        Дар мулоқот, ки Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Федералии Олмон дар Тоҷикистон Дорис Хертрампф  ва Зузе Гнант- намояндаи Шӯрои шаҳрии  Ройтлинген иштирок доштанд, иброз намуданд, ки бобати тавсеаи ҳамкориҳои бародаршаҳрӣ тамоми тадбирҳоро амалӣ хоҳанд сохт.         Мавриди зикр аст, ки Душанбе бо Ройтлингени Олмон аз соли 1991 инҷониб паймони бародаршаҳрӣ бастааст.

Ноябрь 13, 2010 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад