РОҲҲОИ ИШКОШИМ ҲАМВОР МЕШАВАНД
Хоруғ, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо).- Роҳбарони Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ишкошим барои иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурӣ доир ба омода намудани корхонаю муассисот ба давраи зимистон ва таъмини фаъолияти мураттаби корӣ тадбирҳои амалӣ андешидаанд. Муассисаи номбурда 440 км роҳро дар ихтиёр дорад. То имрӯз 14 адад техника пурра таъмир шудааст. Коргарон бо либосҳои гарми зимистона ва ҷойи истиқомати устоҳои таъмиргари роҳ бо бухорӣ, дудкаш ва дигар лавозимоти зарурӣ таъминанд. То ин муддат масофаи 210 км роҳ тахту ҳамвор шудааст.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






