РОҲБАРОНИ ХАДАМОТИ МАХСУСИ ДАВЛАТҲОИ ИДМ БА ДУШАНБЕ МЕОЯНД
Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров).-8-9 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 29-уми Шӯрои роҳбарони идораҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси давлатҳои узви ИДМ баргузор мегардад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ҶТ хабар доданд. Дар назар аст, ки дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар кори мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизми байналмилалӣ зери ниқоби дин, мубориза ба муқобили қочоқ ва гузаронидани яроқи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда, моддаҳои мадҳушкунанда, фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткори байналмилалӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва фурӯши одамон, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини амнияти ҳарбӣ ва сарҳадии давлатҳои узви ИДМ мавриди муҳокима қарор мегиранд. Дар кори Шӯрои роҳбарони идораҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси давлатҳои узви ИДМ ба сифати мушоҳид намояндагони мақомоти марбутаи як қатор кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Германия, Италия ва Фаронса ширкат меварзанд.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






