РОЗА ОТУНБОЕВА БА ДУШАНБЕ ОМАД
Душанбе, 25 ноябр.(АМИТ «Ховар», Назокат Қодирова).-Ҳавопаймои ҳайати намояндагони қирғиз бо сарварии Президенти ин кишвар Роза Отунбоева соати 8- субҳ бо вақти маҳаллӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе нишаст. Ёдовар мешавем, ки Президенти Қирғизистон Роза Отунбоева дар ҷаласаи Сарони кишварҳои давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ширкат меварзад. Қисмати расмии саммит аз вохӯрии сарварони давлатҳои иштирокчӣ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад.Сипас дар қасри «Кохи Сомон» иштирокчиёни саммит барои гузаронидани ҷаласаҳои алоҳида ва якҷоя ҷамъ меоянд. Ғайр аз ин дар чаҳорчӯби саммит вохӯриҳои дуҷонибаи Президенти Қирғизистон Роза Отунбоева бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарвазири Руссия Владимир Путин, сарвари Шӯрои давлатии Хитой Вэн Тсзябао баргузор мегардад. Дар назар аст, ки Президент Роза Отунбоева, ҳамчунин аз сафорати Қирғизистон дар Тоҷикистон дидан менамояд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






