РУШДИ САНОАТ ДАР БАДАХШОН
Бадахшон, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Солҳои охир иқтисодиёти вилояти Бадахшон пайваста рушд мекунад. Тавре Латиф Шоҳзодаев — сардори Кумитаи рушди иқтисоди мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят иттилоъ дод, то охири моҳи октябри соли равон дар ҳудуди ВМКБ 25 корхонаи саноатӣ фаъолият дошт, ки нисбат ба соли 2009 – ум 20 адад зиёдтар аст. Даромади умумии ин корхонаҳо дар даҳ моҳи соли равон 30 миллион сомониро ташкил дод. Соли ҷорӣ дар баробари сехҳои гуногун корхонаи хишти ноҳияи Ванҷ ба истеҳсоли маҳсулот оғоз намуд. Соли 2011 бунёди сехҳои зиёди маҳсулоттайёркунӣ ва сохтмони чанд корхонаи саноатӣ дар назар аст, афзуд Латиф Шоҳзодаев.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






