САҲМИ ЭРОН ДАР ТАРҲҲОИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН

Ноябрь 9, 2010 10:34

Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Масъалаҳои равобити дуҷониба, ҳамкориҳои иқтисодиву фарҳангӣ дар мулоқоти  Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Манучеҳри Муттакӣ 7 ноябри соли 2010  мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Мулоқот чанд рӯз қабл дар шаҳри Теҳрон дар доираи ҷаласаи 9-уми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи осиёии ҳамкориҳо (ACD) баргузор гардид. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Департаменти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар чаҳорчӯби мулоқот масъалаи саҳми Ҷумҳурии Исломии Эрон дар тарҳҳои энергетикӣ ва нақлиётии Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Мавзӯи таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Исломии Эрон, низом ва шароити таҳсили онҳо, дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар ин самт мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн қарор гирифт. Вазир аз ҷониби эронӣ изҳори хоҳиш намуд, ки дар баргардонидани донишҷӯёни тоҷик, ки аз роҳҳои ғайриқонунӣ барои таҳсил ба ин кишвар омадаанд, мусоидат намояд.  Ҷонибҳо, инчунин, масъалаҳои амният дар минтақа, вазъияти сиёсӣ-иҷтимоӣ дар Афғонистон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳи муштаракро баррасӣ намуданд.

Ноябрь 9, 2010 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад