САРМОЯИ ҚАЗОҚИСТОН ДАР ЛОИҲАҲОИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 17 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 23-24 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон баргузор мегардад. Дар ин Анҷуман масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон муҳокима ва баррасӣ хоҳанд шуд. Дар назар аст, ки дар доираи ин Анҷуман муаррифии бахши сармоягузорӣ ва лоиҳаҳои инвеститсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқоти соҳибкорону тоҷирони ҳар ду давлат баргузор гардад. Бояд гуфт, ки эътидоли сиёсии кишвар, иқтисодиёти озод, қонунгузории муосир, сиёсати пешқадами пулию молии Ҳукумати Тоҷикистон ва имтиёзҳое, ки ба сармоягузорони хориҷӣ дода мешаванд, аз омилҳои кафолатбахши фазои инвеститсионии Тоҷикистон мебошанд. Аз ин рӯ, сармояи Қазоқистон имрӯз имкон дорад, барои татбиқи амалии лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон васеъ ҷалб гардад ва ин ба манфиати ҳарду кишвар ва кулли минтақа хоҳад буд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






