САРВАЗИРИ ҚАЗОҚИСТОН БА ДУШАНБЕ ОМАД

Ноябрь 24, 2010 11:52

           Душанбе, 24 ноябр.  (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Имрӯз, 24 ноябр сарвазири Қазоқистон Карим Масимов бо сафари расмӣ ба Душанбе ташриф овард.  Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз департаменти иттилоотии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар доданд, дар доираи сафари худ Карим Масимов дар форуми соҳибкорони ҳар ду кишвар иштирок менамояд. Баъдан дар Қасри миллат мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Қазоқистон Карим Масимов баргузор мегардад.  Ҳамчун рамзи эҳтиром ба фарҳангу таърихи халқи тоҷик Карим Масимов ба муҷассамаи асосгузори нахустин давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчамбар мегузорад.          Сипас, мулоқоти сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов бо сарвазири Қазоқистон Карим Масимов доир мегардад.                                    Дар ҷамъбасти мулоқот ҷонибҳо ҳуҷҷатҳои дуҷониба ба имзо расонида, бо хабарнигорони ВАО мулоқот доир менамоянд.    

Ноябрь 24, 2010 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад