САТҲИ КАМБИЗОАТӢ КОҲИШ ДОДА ШУД

Ноябрь 17, 2010 09:52

   Душанбе, 17 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти раиси  ноҳияи Рӯдакӣ Мансур Қодиров, ҷиҳати амалӣ гардонидани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба паст кардани сатҳи кмбизоатӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ барои солҳои 2008 – 2010 чораҳои зарурӣ андешида шуданд.    Дар моҳҳои январ – октябри соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли  маҳсулоти  кишоварзӣ дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидорӣ  136 млн. 98 ҳазор сомониро ташкил дод, ки он ба 64,3 фоизи ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти  хоҷагии халқи ноҳия баробар аст.    Соли ҷорӣ аз майдони 27 ҳазору 884 га кишти зироат  беш аз 35 ҳазор тонна ғалла, 16 ҳазору 907, 5 тонна картошка ва даҳҳо ҳазор тонна сабзавоту полизиҳо ҷамъоварӣ гардид.    Ба иттилои ҳамин манбаъ, кишоварзони ноҳия соли ҷорӣ    аз майдони 2138 га   беш аз 38 ҳазор тонна сабзавот истеҳсол намуданд, ки ҳосилнокии он  аз ҳар га 194,4 сентнериро ташкил дод. Ҳамчунин, соли ҷорӣ дар майдони 5916 га кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки ҷамъоварии ҳосили он то моҳи декабр анҷом дода мешавад.           

Ноябрь 17, 2010 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад