САТҲИ КАМБИЗОАТӢ КОҲИШ ДОДА ШУД
Душанбе, 17 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти раиси ноҳияи Рӯдакӣ Мансур Қодиров, ҷиҳати амалӣ гардонидани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани сатҳи кмбизоатӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ барои солҳои 2008 – 2010 чораҳои зарурӣ андешида шуданд. Дар моҳҳои январ – октябри соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидорӣ 136 млн. 98 ҳазор сомониро ташкил дод, ки он ба 64,3 фоизи ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии халқи ноҳия баробар аст. Соли ҷорӣ аз майдони 27 ҳазору 884 га кишти зироат беш аз 35 ҳазор тонна ғалла, 16 ҳазору 907, 5 тонна картошка ва даҳҳо ҳазор тонна сабзавоту полизиҳо ҷамъоварӣ гардид. Ба иттилои ҳамин манбаъ, кишоварзони ноҳия соли ҷорӣ аз майдони 2138 га беш аз 38 ҳазор тонна сабзавот истеҳсол намуданд, ки ҳосилнокии он аз ҳар га 194,4 сентнериро ташкил дод. Ҳамчунин, соли ҷорӣ дар майдони 5916 га кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки ҷамъоварии ҳосили он то моҳи декабр анҷом дода мешавад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






