Ш. ЗУҲУРОВ: «СҲШ БОЯД ИҚДОМИ ҶИДДИРО РӮИ ДАСТ БИГИРАД»
Душанбе, 23 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Тавсеаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар доираи ин созмон аз ҳадафҳои асосии Тоҷикистон ба шумор меравад», гуфт зимни мулоқоташ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров бо Дабири кулли СҲШ Муратбек Иманалиев. Мавсуф бо таваҷҷӯҳ ба нуфузу эътибори ин созмон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид кард, ки Тоҷикистон тарафдори густариши равобит бо кишварҳои созмон аст. Ш. Зуҳуров иброз дошт, ки Тоҷикистон хостори баланд гардидани эътибори СҲШ дар арсаи ҷаҳон буда, аз иқдоми ин созмон пуштибонии амиқ менамояд. Раиси палатаи поёнии парлумони мамлакат нақши СҲШ –ро дар ҳалли мушкилоти гуногуни минтақавӣ, хусусан миёни кишварҳои созмон муҳим арзёбӣ намуд, гуфт, ки СҲШ бояд дар заминаи бартараф намудани мушкилот, ки ба таври сунъӣ тавассути бархе аз кишварҳои аъзо нисбат ба кишвари дигар ба вуҷуд омадаанд, иқдоми ҷиддиро рӯи даст бигирад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






