ШАКАР ҚИММАТ ШУД?
Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки аз санаи 5 ноябри соли 2010 дар нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти озуқаворӣ нархи шакар боло рафтааст. Аз рӯи маълумоти ба мо дастрас гардида дар тӯли 30 соли охир бори аввал чунин болоравии нархи ин намуди маҳсулот ба чашм мерасад. Айни замон, нархи шакар дар бозори ҷаҳонӣ якбора рӯ ба афзоиш ниҳодааст, ки сабаби асосии он дар солҳои 2009- 2010 номусоидии вазъи ҳаво дар кишварҳои истеҳсолкунанда Ҳиндустон, Покистон ва Бразилия ба ҳисоб меравад. Ба ҷумҳурӣ шакар асосан аз кишварҳои хориҷи дур: Полша, Эрон, Бразилия ва Белоруссия, Россия, Литва ва Озарбойҷон ворид мешавад. Таҳлилҳои гузаронидаи мо муайян сохтанд, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ 85 ҳазор кг. шакар ворид шуд, ки ба андозаи 20,2% нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам гардид, нархи миёнаи воридотии он барои 1 тонна то 456 доллари ИМА, яъне 121, 6 фоизро ташкил дода боло рафтааст. Вобаста ба вазъи баамаломада аз ҷониби кормандони Хадамоти зиддиинҳисорӣ мониторинги бозори моли маводи озуқавориро гузаронида, барои пешгирии болоравии беасоси нархи шакар, инчунин, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва роҳ надодан ба рақобати бевиҷдонона ҳамаи тадбирҳои зиддиинҳисориро дар ин раванд татбиқ менамоянд. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.