ШУКУФАҲОИ «ГУЛҲОИ ХУДРӮЙ»
Хоруғ, 25 ноябр.(АМИТ «Ховар», Л.Додо). — Ба истиқболи 20 –умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба хотири зуҳури истеъдодҳои нав, тарбияи худшиносии миллии насли наврас ва баланд бардоштани фарҳангу маърифати ҷомиа дар байни мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва идораву муассисоти ВМКБ озмуни «Гулҳои худрӯй» ҷараён дорад. Санъаткорони навраси мактабҳои деҳоти ба номи М.Абдулвосиев ва Назаршоҳ Додихудоеви ноҳияи Рӯшон дар озмун ҳунарнамоӣ намуда, ҳунари худро пешкаши ҳакамон гардониданд. Ғолибони даври ноҳиявӣ дар озмуни вилоятӣ, ки аз 20 – уми ноябр то 1 – уми декабр дар шаҳри Хоруғ баргузор мегардад, ҳунарнамоӣ мекунанд. Баргузории чунин озмунҳо имконият медиҳад, ки хонандагон аз санъату ҳунари аҷдодии хеш огоҳӣ ёфта, барои рушду такомули минбаъдаи он ҳиссагузор бошанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






