СОХТМОНИ ТАБОБАТГОҲИ НАВ ДАР ВОСЕЪ

Ноябрь 23, 2010 11:55

Восеъ, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар»,  Сулаймон Холов). – Дар  ноҳияи  Восеъ  бо ташаббуси  раиси  ноҳия Султон  Валиев  бинои нави замонавии  маркази  табобати бемориҳои  сил   бунёд  мешавад,  гуфт директори  ин марказ Сафаралӣ Мирзоев. Бояд гуфт,  ки  бинои  мазкур  мувофиқи  лоиҳа аз  7 утоқи  корӣ иборат буда,  маблағи  умумии сохтмони он  130 000 доллари  ИМА– ро  дар бар  мегирад.   Ба  гуфти   С. Мирзоев  сохтмони  бинои мазкур  аз тарафи  Фонди  глобалӣ  маблағгузорӣ   шуда, беморхона пас аз бунёд бо тамоми  таҷҳизоти   зарурии тиббӣ  муҷаҳҳаз  мегардад.    Корҳои  сохтмонӣ дар   бинои мазкур  аз 1 – уми  декабри  соли  ҷорӣ  оғоз  меёбанд.    

Ноябрь 23, 2010 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад