СОКИНОНИ ТАҲМОС, ПАНҶРӮД ВА ҲИСОРАК КӮЧОНИДА

Ноябрь 9, 2010 10:32

        Душанбе, 9 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Сокинони беш аз 230 хонаи истиқоматии кӯчаи Таҳмоси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва 50 хонаи истиқоматӣ дар кӯчаҳои Панҷрӯд ва Ҳисораки маҳаллаи Буни Ҳисораки ноҳияи Сино кӯчонида мешаванд.         Ин тадбир ҷиҳати татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, хусусан таҷдиди Ипподром  ва табдили он ба Наврӯзгоҳи шаҳрӣ, сохтмони Гимназия-  интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони  лаёқатманд ва бунёди навбати дуюми иншооти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон андешида шудааст.      Тибқи иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳр Шавкат Саидов,   қитъаи замини манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ва дигар иншооти дар кӯчаҳои мазкур ҷойгирбуда, барои эҳтиёҷоти давлатию ҷамъиятӣ гирифта мешаванд.         Соҳибони хонаҳои истиқоматии кӯчаҳои Таҳмос,  Панҷрӯд ва Ҳисоракро шаҳрдорӣ тибқи қонунгузории ҷорӣ бо квартираҳои баробарарзиш таъмин намуда, ё худ бо хоҳиши онҳо ҷуброни  зарар бо арзиши бозор пардохта мешавад.       Бинобар сабаби маҳдуд будани квартираҳои озоди фонди манзили коммуналӣ ба  таваҷҷӯҳи шаҳрвандони муроҷиаткунанда  расонида мешавад, ки шаҳрдорӣ айни ҳол имконияти пешниҳод намудани квартираҳои иҷоравӣ ва фурӯши онҳоро бо шартҳои имтиёзӣ  надорад ва  муваққатан баррасии ин гуна муроҷиатҳо қатъ мешаванд.  

Ноябрь 9, 2010 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад