ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН

Ноябрь 10, 2010 13:14

Душанбе,  10 ноябр. (  АМИТ «Ховар», Сангзода  Муслиҳиддин) .-    Имрӯз  дар  Маркази  тадқиқоти   стратегии(МТС)  назди   Президенти    Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Ассотсиатсияи  миллии   сиёсатшиносии  Тоҷикистон   дар якҷоягӣ бо  кафедраи  муносибатҳои  байналхалқии  Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон,  мизи  мудаввар  дар  мавзӯи   «Масоили  инкишофи  робитаҳои  дуҷонибаи  Тоҷикистону Чин»    баргузор  гардид.                                                                  Сӯҳроб Шарипов     директори  МТС  назди  Президенти  ҶТ    дар   мизи  мудаввар зикр  намуд, ки  муносибатҳои  мо  бо  Ҷумҳурии  Халқии  Чин    густариш  меёбад,  аз    ҷумла, дар  соҳаи  саноат, иқтисодиёт,  иҷтимоиёт ва  фарҳанг  хеле ҳам  назаррас аст.       Баъдан  сафири  Ҷумҳурии  Мардумии Чин дар  ҶТ  Фян  Сянжун  суханронӣ  намуда,  қайд намуд, ки  ҶТ  дӯсти  наздик  ва  ҳамкори  қавии  Ҷумҳурии  Мардумии  Чин   мебошад, боз  як  зарбулмасали бисёр ҳам ҷолиб  гуфта шуд: «Ҳамсояи наздик  беҳ  аз  хеши  дур  аст» .   Роҷъ  ба  густариши  муносибатҳои  дуҷониба  устодони   Донишгоҳи  Миллии  Тоҷикистон   маърӯзаҳои   худро  пешниҳоди  ҳозирин намуданд .    Ҳадафи   баргузории  чунин  як нишаст     мустаҳкам  намудани  робитаҳои  ду кишвари  ҳамсоя ва  ҳамсарҳад  мебошад.   

Ноябрь 10, 2010 13:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад