ТАБРИКНОМАИ Э.РАҲМОН БО УНВОНИ РОҲБАРИЯТИ ДДФҲ МАСКАВ

Ноябрь 29, 2010 10:22

Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар»,  Пайрав Назаров). – Дар  пойтахти  Русия ба  муносибати  80 – солагии  Донишгоҳи давлатии  фарҳанг  ва  ҳунари  шаҳри  Маскав  маҷлиси  ботантанаи  Шӯрои  илмии  ин  мактаби  олӣ  баргузор  гардид.  Дар  он  сафири  фавқулодда  ва  мухтори  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар Федератсияи  Русия  Абдулмаҷид  Достиев  иштирок  дошт. А.Достиев   табрикномаи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмонро  ба  унвони  роҳбарияти  ин  мактаби  олии  Русия  қироат  кард.  Дар  он аз ҷумла гуфта  мешавад:           «Шумо  ва  ҳамаи  кормандони Донишгоҳи давлатии  фарҳанг  ва  ҳунари   шаҳри  Маскавро ба  муносибати  ҷашни  80 —  солагии  он  самимона  табрик  менамоям.            Донишгоҳи давлатии  фарҳангу  ҳунари  Маскав  аз ҷумлаи  мактабҳои олии  кӯҳнатарини  соҳаи  фарҳанги  Русия буда,  дар  пешрафти  илму  фарҳанг  ва  маорифи  мамлакат  ва берун  аз ҳудуди он саҳми  калон  гузоштааст. Донишгоҳи  Шумо  тӯли  солҳои  фаъолияташ  на  танҳо  ба  мактаби олии  калонтарини  соҳаи  фарҳангу  ҳунар, балки  ба  манбаи  ҳақиқии омода  сохтани  мутахассисони  варзидаи  илмӣ  ва кадрҳои  баландихтисос  табдил  ёфт.  Ҳазорон  нафар  дастпарварони он  имрӯз  дар  тамоми  гӯшаю  канорҳои  Русия,  ҷумҳуриҳои  собиқи  шӯравӣ  ва тамоми  мамлакатҳои  ҷаҳон  кор  мекунанд.  Донишгоҳи давлатии  фарҳангу  ҳунари  Маскав  имрӯз  ҳам   дар  пешрафти  илму   ҳунар,  маориф ва омода  сохтани  кадрҳои  варзида  барои  соҳаи  фарҳанг  нақши  бузург  мебозад.             Дар байни донишҷӯён ва  дастпарварони  донишгоҳ  намояндагони  Тоҷикистон  ҳам  ҳастанд. Онҳо дар  муассисаҳои гуногуни   соҳаи  фарҳангу  ҳунари  Тоҷикистон  самарабахш  кор  мекунанд. Хурсандиовар  аст, ки  муносибатҳои  имрӯзаи  ҳамкории Тоҷикистон  бо  донишгоҳи  Шумо  ба  манфиати   ҳар  ду  мамлакат  торафт  вусъат  меёбанд.  Шуморо  дилпур  месозам, ки   роҳбарияти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  минбаъд  ҳам ба  равнақу  ривоҷи   муносибатҳои  ҳамкорӣ мусоидат  хоҳад  кард», — гуфта  мешавад  дар табрикномаи Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон.  

Ноябрь 29, 2010 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад