ТАБРИКНОМАИ Э.РАҲМОН БО УНВОНИ РОҲБАРИЯТИ ДДФҲ МАСКАВ
Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Дар пойтахти Русия ба муносибати 80 – солагии Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва ҳунари шаҳри Маскав маҷлиси ботантанаи Шӯрои илмии ин мактаби олӣ баргузор гардид. Дар он сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Абдулмаҷид Достиев иштирок дошт. А.Достиев табрикномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба унвони роҳбарияти ин мактаби олии Русия қироат кард. Дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Шумо ва ҳамаи кормандони Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва ҳунари шаҳри Маскавро ба муносибати ҷашни 80 — солагии он самимона табрик менамоям. Донишгоҳи давлатии фарҳангу ҳунари Маскав аз ҷумлаи мактабҳои олии кӯҳнатарини соҳаи фарҳанги Русия буда, дар пешрафти илму фарҳанг ва маорифи мамлакат ва берун аз ҳудуди он саҳми калон гузоштааст. Донишгоҳи Шумо тӯли солҳои фаъолияташ на танҳо ба мактаби олии калонтарини соҳаи фарҳангу ҳунар, балки ба манбаи ҳақиқии омода сохтани мутахассисони варзидаи илмӣ ва кадрҳои баландихтисос табдил ёфт. Ҳазорон нафар дастпарварони он имрӯз дар тамоми гӯшаю канорҳои Русия, ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ ва тамоми мамлакатҳои ҷаҳон кор мекунанд. Донишгоҳи давлатии фарҳангу ҳунари Маскав имрӯз ҳам дар пешрафти илму ҳунар, маориф ва омода сохтани кадрҳои варзида барои соҳаи фарҳанг нақши бузург мебозад. Дар байни донишҷӯён ва дастпарварони донишгоҳ намояндагони Тоҷикистон ҳам ҳастанд. Онҳо дар муассисаҳои гуногуни соҳаи фарҳангу ҳунари Тоҷикистон самарабахш кор мекунанд. Хурсандиовар аст, ки муносибатҳои имрӯзаи ҳамкории Тоҷикистон бо донишгоҳи Шумо ба манфиати ҳар ду мамлакат торафт вусъат меёбанд. Шуморо дилпур месозам, ки роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд ҳам ба равнақу ривоҷи муносибатҳои ҳамкорӣ мусоидат хоҳад кард», — гуфта мешавад дар табрикномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.








Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон






