ТАНТАНАҲОИ РӮЗИ ПАРЧАМ ДАР СУҒД
Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Субҳи имрӯз дар Майдони назди «Нишони Давлатӣ»-и шаҳри Хуҷанд тантанаҳои умумивилоятии идона ба шарафи Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бо садо додани Суруди Миллӣ оғоз ёфтанд. Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода иштирокдорони тантана ва кулли мардуми шарифи вилояти Суғдро бо Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод карда, тазаккур дод, ки Парчам рамзи сарбаландию тавоноии халқест, ки вобаста ба таърих, анъана ва расму оин шакл, ранг ва ҷузъиёти ливои давлатро интихоб мекунад. Намуди зоҳирии он тамоми шукӯҳу шаҳомати миллатро инъикос менамояд. Бо гузашти низомии аскарону афсарони горнизони Суғд қисми расмии тантанаҳои идона поён ёфт. Ба муносибати Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марказҳои фарҳангиву фароғатии шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои гуногуни идона идома доранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






