ТАСВИБИ СОЗИШНОМАИ МОЛИЯВӢ

Ноябрь 25, 2010 10:50

      Душанбе, 25 ноябр.(АМИТ «Ховар»,  Марзия Саидова).-Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Созишномаи молиявӣ оид ба лоиҳаи  «Рушди деҳот» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Бонки Осиёии Рушдро ба тасвиб расонд.         Зимни шарҳи ин санад муовини  вазири кишоварзӣ Сиҷоуддин Исроилов ва вакили Маҷлиси намояндагон Ҳусейн Алиев зикр намуданд, ки Созишномаи мазкур 16 апрели соли 2007 дар Душанбе  ба имзо расида, ҳаҷми умумии он беш аз 20 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.          Лоиҳаи мазкур  дар шаҳру ноҳияҳои Роғун,  Ваҳдат, Файзобод, Рӯдакӣ ва Варзоб татбиқ мешавад. Он асосан дар сатҳи ноҳияҳо, мақомоти маҳаллӣ, деҳот ва ҷамоатҳо бо назардошти эҳтиёҷоти  аҳолии деҳот  мавриди амал қарор мегирад.         Ин санад барои рушд ва пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии деҳот  мусоидат менамояд.

Ноябрь 25, 2010 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад