ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ ОБТАЪМИНКУНӢ ДАР КАДОМ САТҲ АСТ?

Ноябрь 10, 2010 10:35

Душанбе, 10 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҷараёни татбиқи Лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Душанбе, ки  аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ шудааст,  дар меҳвари  мулоқоти Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо намояндаи доимии Бонки мазкур дар Тоҷикистон Кяра Бронкӣ қарор дошт.        Дар мулоқот, ки  ҳайати намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ иштирок дошт, мусоҳибон самтҳои фарогири Консепсияи ҷадиди рушди минбаъдаи системаи обтаъминкунии пойтахтро ҳамчун идомаи марҳилаи дуюми Лоиҳаи баррасӣ карданд.        Маҳмадсаид Убайдуллоев бо назардошти пешниҳоди ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ иброз дошт, ки ҳамкориҳои минбаъда ҷиҳати ташкили фаъолияти самараноки КВД «Обу корези Душанбе» барои  дар сатҳи худкифоӣ роҳандозӣ намудани хизматрасонии корхона мусоидат менамояд. Ҳамзамон он, имкон дорад бобати таъмини эҳтиёҷоти сокинони пойтахт бо оби нӯшокӣ танҳо бо насби ҳисобкунакҳои обӣ барои кам кардани талафот ва сарфаи оби истеҳсолшуда, беҳбудбахшии вазъи молиявӣ ва таъмини худмаблағгузорию рушди институтсионалӣ ва худидоракунии корхона, ихтисори хизматрасонии қарзии вазорати молия ва ҳамшарикии шаҳрдории Душанбе оид ба сармоягузории Лоиҳа татбиқ шаванд.         Дар чунин ҳолат КВД «Обу корези Душанбе» метавонад вазифаҳои таъинотии худро иҷро намуда, дар асоси ҳисобу китоби дақиқи ҷамъоварию сарфаи маблағи хизматрасонӣ барои таҷдиди фондҳои асосии худ ноил гардад.            Тибқи иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо иброз доштанд, ки  гурӯҳҳои корӣ дар мӯҳлати кӯтоҳтарин асосҳои техникии Консепсияро дар асоси пешниҳоди Раиси шаҳри Душанбе таҳия карда, ҷиҳати баррасӣ ба шаҳрдории Душанбе пешниҳод намоянд.

Ноябрь 10, 2010 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард