ТОҶИКИСТОН АЗ НИГОҲИ ПАРЛАМЕНТАРҲОИ БРИТОНӢ
Душанбе, 18 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Британияи Кабир барои парламентарҳои ин кишвар, ки бештари онҳо аъзои Ҳукумати Британияи Кабиранд, пардаро аз рӯи воқеият бардошт ва Тоҷикистонро чун кишвари дарвоқеъ бунёдгари ҷомеаи дунявӣ ва эҳтиром ба арзишҳои демократиядошта ошно намуда, тасаввурҳои тахайюлиро оид ба Тоҷикистон аз байн бурд. Ин матлаб дар ҷараёни мулоқоти ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев бо гурӯҳи Британиявии Иттиҳоди Байнипарлумонӣ таҳти роҳбарии Ҷон Менн зикр шуд. Мусоҳибон масоили тавсеаи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, асоснокии илмиву амалии татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии Точикистон ва аҳамияти он ба вазъи экологии кишвар ва минтақа, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамкориҳо дар бахши маориф, таъсиси литсею филиали донишгоҳҳои бритонӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд. Парламентарҳо изҳори боварӣ намуданд, ки бо истифода аз потенсиал ва имконияти робитаҳои байнипарлумонӣ ба ҳамкориҳои сатҳи байниҳукуматӣ такон бахшида, муаррифии Тоҷикистонро барои шинохти ҷомеаи Британияи Кабир дар асоси Меморандуми ба имзорасида ва гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ суръат бахшанд. Инчунин, Раиси Маҷлиси миллӣ бо ҳайаташ бо ҷараёни баргузории муҳокимаҳои парлумонӣ дар Палатаҳои Обшин ва Лордҳои парлумони Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ шинос гардид.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






