ТОҶИКИСТОН БО НЕКБИНОН ҲАМКОРӢ МЕНАМОЯД

Ноябрь 25, 2010 16:45

     Душанбе, 25 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамеша аз ташаббусҳои  наҷиби башардӯстонаи Куба дастгирӣ менамояд», — гуфт Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров зтини иулоқоташ бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Куба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абелардо Арнандез. Шукурҷон Зуҳуров афзуд, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати дарҳои кушода буда, мо ҳамеша омодаем бо онҳое, ки ба мо назари нек доранд, ҳамкории судманд намоем.       Ҷонибҳо ҳамзамон масъалаҳои тақвияти равобити судманди парлумонии Тоҷикистону Кубаро баррасӣ карданд. Зикр шуд, ки байни парлумонҳои Тоҷикистону Куба гурӯҳи дӯстии парлумонӣ фаъолият менамояд, ки он дар тавсеаи равобити байнипарлумонӣ нақши муассир мегузорад.       Сафири Куба дар Тоҷикистон Абелардо Арнандез гуфт, ки Тоҷикистон дар миқёси давлатҳои Осиёи Марказӣ яке аз кишварҳоест, ки ба Куба ва мардуми он таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд.       Дипломати Куба иброз дошт, ки зимни фаъолияти дипломатиаш ҷиҳати  тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Куба аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода хоҳад кард, то дар муносибатҳои ҳарду кишвар саҳифаи нав боз шавад.

Ноябрь 25, 2010 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад