УБАЙДУЛЛОЕВ БА ЛОНДОН РАФТ

Ноябрь 15, 2010 10:11

    Душанбе, 15 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҳайати парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Британияи Кабир сафар кард. Сафари ҳайати парлумони Тоҷикистон ба ин кишвар  бо даъвати спикерҳои Палатаҳои Лордҳо ва Обшини парлумони  Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Баронесса Хейман ва Ҷон Берков ҷараён гирифт.      Сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Британияи Кабир то 20 ноябри соли равон идома ёфта, мақсади он ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва робитаҳои дуҷониба миёни Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ аст.        Зимни сафараш ба Британияи Кабир Маҳмадсаид Убайдуллоев бо фаъолияти парлумони Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ шинос шуда, бо спикери Палатаи Лордҳо Баронесса Хейман, спикери Палатаи Обшин Ҷон Берков, муовини вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Сайман Фрейзер,  Гурӯҳи парлумонӣ оид ба Афғонистон ва Кумита оид ба корҳои мудофиаи парлумони Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ мулоқот менамояд.       Инчунин, М. Убайдуллоев аз Марказ оид ба Осиёи Марказӣ  ва мактаби омӯзиши Шарқ ва Африқои Донишгоҳи Лондон боздид мекунад. Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон дар форуми Гурӯҳи Осиёи Марказии савдо, тиҷорат ва сармоягузорӣ (CATBIG)  иштирок карда, бо доираи cармоягузорон ва институтҳои сармоягузорӣ вохӯриҳо доир менамояд.        Дар сафар Маҳмадсаид Убайдуллоевро аъзои Маҷлиси миллӣ — Нуриддин Саидов, Заррина Раҷабова, Қобиламо Ғуломшоева, вакилони Маҷлиси намояндагон Рустам Латипов  ва Маҳмадшариф Нозимов ҳамроҳӣ менамоянд.         

Ноябрь 15, 2010 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад