УБАЙДУЛЛОЕВ «ХАЗИНАИ АМУДАРЁ»-РО ТАМОШО КАРД
Душанбе, 17 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев аз Осорхонаи Британия боздид намуда, бо намоишгоҳи бозёфтҳои «Хазинаи Амударё» шинос шуданд. Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни тамошо аз осорхонаи Британия, ки махзани ёдгориҳои таъриху тамаддуни башарист, масъалаи ҳамкории Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба номи Аҳмади Донишро бо Осорхонаи Британия ба миён гузошт. Сипас аз ҳар ду ҷониб масъулини идомаи равобит мушаххас шуданд. Бояд тазаккур дод, ки «Хазинаи Амударё» аз мавзеи Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён дарёфт гардида, имрӯз дар Осорхонаи Британия ба маърази тамошои ҷаҳониён гузошта шудааст. Ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ Шавкат Саидов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ҳайати парлумонии Тоҷикистон аз мавзеи зебои Лондон, ки бо номи «дидгоҳи Лондон» бо баландии 135 метр дар соҳили Темза ҷойгир аст, дидан намуданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






